Истеъдодҳои шумо барои беҳтар кардани Интернет лозиманд
«Mozilla» ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад, ки барои таъмини Интернети кушод ва дӯстона барои ҳамаи мо кор мекунад. Ва мо ба кумаки шумо ниёз дорем. Бо ҳамроҳ шудан ба ҷомеаи мо, шумо метавонед барои пешбурди навоварӣ, баланд бардоштани масъулият ва эътимод мусоидат намоед ва Интернетро барои ҳамаи мо ба як ҷойи беҳтарин гардонед.

Шумо чӣ тавр метавонед саҳмгузор бошед…

Муҳтаворо тарҷума намоед
Интернет танҳо он вақт умумиҷаҳонӣ мебошад, агар он дар соросари ҷаҳон фаҳмо бошад. Ба мо барои тарҷума кардани маҳсулоти «Mozilla» ва сомонаҳои мо ба забони модарии худ мусоидат намоед.

Ба пойгоҳи барномарезии «Mozilla» саҳм гузоред
Маҳсулоти «Mozilla»-ро тавассути саҳмгузорӣ ба имкониятҳои гуногуни рушд фаъолона такмил диҳед.

Инфиродӣ ё ташкили чорабиниҳо
Барои осонсозии истифодаи маҳсулоти «Mozilla» ба мо кумак кунед. Дар бахши «Кумак», ки қисми форумҳои ҷамъияти дастгирии «Mozilla» мебошад, ба саволҳои одамон ҷавоб диҳед.

Ба ҷамъияти мо ҳамроҳ шавед
Мехоҳед, ки дар ҷомеаи «Mozilla» бештар иштирок кунед? Ҳамаи имкониятҳои ихтиёриёнро дар Портали ҷамъиятии мо озмоед.
Рисолати мо
Ҳадафи мо дар он аст, ки Интернетро ҳамчун манбаи ҷамъиятии умумиҷаҳонӣ, ҳамеша кушод ва дастрас барои ҳар як кас таъмин намоем. Интернете, ки одамонро ба ҷойи аввал мегузорад, ҷойе, ки ашхос метавонанд таҷрибаи шахсии худро дар шакли дилхоҳ созанд ва фазое, ки ба ҳамаи мо нерӯ, бехатарӣ ва соҳибихтиёрӣ медиҳад.

Аз ҷониби одамони дилчасп мисли шумо сохта шудааст
Вақте ки шумо ба «Mozilla» саҳм мегузоред, шумо як қисми ҷомеаи умумиҷаҳонӣ мешавед, ки аз одамони саросари ҷаҳон иборат аст ва, ки боварӣ доранд, ки ҳамаи мо дар таъмини қувваи нек ба Интернет нақши асосӣ дорем.
Мо умедворем, ки ҳамкории ҷомеа барои эҷод кардани Интернете, ки гуногуншакл, навовар ва масъул мебошад, алалхусус барои одамоне, ки ба он ниёзи бештар доранд, муҳим аст. Новобаста аз он, ки шумо дар соҳаи технология, ташкили созмонҳо ва кор бо компютер таҷриба доред ё на, ё агар шумо вақти холӣ дошта бошед, шумо ҳамеша метавонед ба мо барои беҳтар кардани Интернет кумак расонед.