Таърихи браузерҳои интернетӣ

Таърихи ҷаҳон пур аз муборизаҳои азими қудрат, золимони ҷаҳонгир ва қаҳрамонони мазлум аст. Таърихи браузерҳои веб низ чандон фарқ надорад. Пешқадамони донишгоҳҳо нармафзори соддаеро навиштанд, ки як инқилоби иттилоотиро ба вуҷуд овард ва мубориза барои бартарии браузерҳо ва корбарони Интернетро оғоз намуд.

«Firefox»-ро боргирӣ кунед

«Firefox» дар низоми амалкунандаи «Windows 8.1» ва версияҳои пасттар дигар дастгирӣ намешавад.

Барои истифода кардани «Firefox», лутфан, «Firefox ESR» (Нашр бо дастгирии тӯлонӣ - ESR)-ро боргирӣ намоед.

«Firefox» дар низоми амалкунандаи «macOS 10.14» ва версияҳои пасттар дигар дастгирӣ намешавад.

Барои истифода кардани «Firefox», лутфан, «Firefox ESR» (Нашр бо дастгирии тӯлонӣ - ESR)-ро боргирӣ намоед.

Огоҳнома дар бораи махфияти «Firefox»

Пеш аз даврони Интернет

Дар соли 1950 компютерҳо тамоми утоқҳоро ишғол мекарданд ва аз ҳисобкунакҳои ҷайбии муосир ҳам сода ва заифтар буданд. Аммо пешрафт хеле босуръат буд ва то соли 1960 онҳо тавонистанд барномаҳои мураккабро иҷро кунанд. Ҳукуматҳо ва донишгоҳҳои саросари ҷаҳон фикр карданд, ки агар мошинҳо битавонанд бо ҳам муошират кунанд, он гоҳ ҳамкориҳо ва пешрафтҳои илмӣ афзоиш хоҳанд ёфт.

«ARPANET» аввалин лоиҳаи муваффақи шабакасозӣ буд ва дар соли 1969 аввалин паём аз лабораторияи илмҳои компютерии Донишгоҳи Калифорния дар Лос-Анҷелес (UCLA) ба Пажӯҳишгоҳи Стэнфорд (SRI), ки низ дар Калифорния ҷойгир аст, фиристода шуд.

Ин дар шабакасозии компютерӣ як инқилоб ба вуҷуд овард. Шабакаҳои нав ташкил ёфтанд, ки донишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотиро дар саросари ҷаҳон ба ҳам пайвастанд. Аммо дар давоми 20 соли минбаъда Интернет барои аҳолии умумӣ дастрас набуд. Он танҳо ба муҳаққиқони донишгоҳҳо ва ҳукуматҳо, донишҷӯён ва ширкатҳои хусусӣ маҳдуд буд. Даҳҳо барнома вуҷуд доштанд, ки метавонистанд тавассути хатҳои телефонӣ иттилоотро мубодила кунанд, аммо ягонтои онҳо осон ва қулай барои истифода набуд. Интернети воқеан кушода ва аввалин браузери веб то соли 1990 эҷод нашуда буд.

Даврони Интернет

Донишманди компютерии британӣ, Тим Бернерс-Ли, аввалин сервери веб ва браузери графикии вебро дар соли 1990, вақте ки ӯ дар «CERN» кор кард — Созмони аврупоии таҳқиқоти ҳастаӣ дар Швейтсария — эҷод намуд. Ӯ равзанаи нави худро барои Интернет ҳамчун «WorldWideWeb» номгузорӣ кард. Ин як интерфейси графикии осонфаҳм ва дӯстона барои истифодабарандагон буд, ки барои компютери «NeXT» сохта шудааст. Бори аввал, ҳуҷҷатҳои матнӣ тавассути шабакаи ҷамъиятӣ — яъне ҳамон вебе, ки мо имрӯз медонем, бо ҳам пайваст шуда буданд.

Як сол пас, Бернерс-Ли аз донишҷӯи риёзии «CERN» Николa Пелло хоҳиш кард, ки браузери «Line Mode»-ро барои терминалҳои оддии компютерӣ барномарезӣ кунад.

То соли 1993 веб ба таври назаррас рушд ёфт. Донишгоҳҳо, ҳукуматҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҳамагӣ имкониятҳои веби кушодро дарк карданд. Барои дастрасӣ ба он, ҳамаи онҳо ба барномаҳои нави компютерӣ ниёз доштанд. Дар ҳамон сол, «Mosaic» дар Маркази Миллии Барномаҳои Суперкомпютерӣ (NCSA) дар Донишгоҳи Иллинойси Урбана-Шампайн аз ҷониби донишманди соҳаи илмҳои компютерӣ Марк Андреессен таҳия шуд. Ин аввалин браузери веби маъмул ва сарнасли аввали браузери «Mozilla Firefox» ба шумор меравад.

«NCSA Mosaic» дар компютерҳое, ки бо низоми амалиётии «Windows» кор мекарданд, ба осонӣ истифода мешуд ва ба ҳар шахсе, ки компютер дошт, имкон медод ба саҳифаҳои ибтидоии интернетӣ, утоқҳои суҳбат ва китобхонаҳои тасвирӣ дастрасӣ пайдо кунад. Соли дигар (1994), Андреессен ширкати «Netscape»-ро таъсис дод ва браузери «Netscape Navigator»-ро барои корбарони байналмилалӣ муаррифӣ кард. Ин як муваффақияти бузург буд ва аввалин браузере гардид, ки барои доираи васеи корбарон пешбинӣ шуда буд. Инчунин, он оғози нахустин рақобати ҷиддӣ дар набард барои корбарони интернет ба шумор мерафт.

Ҷангҳои браузерҳо

То соли 1995, «Netscape Navigator» дигар танҳо як роҳи пайвастшавӣ ба Интернет набуд. Ширкати бузурги нармафзори компютерӣ «Microsoft» рамзи куҳнаи «Mosaic»-ро дар асоси иҷозатнома истифода бурд ва равзанаи худро барои кор бо Интернет — «Internet Explorer» — эҷод намуд. Ин озодсозӣ боиси оғози рақобати шадид шуд. «Netscape» ва «Microsoft» бо ҷидду ҷаҳд барои таҳияи версияҳои навтари барномаҳои худро кор мекарданд — ҳар яке аз онҳо кӯшиш кард, то бо маҳсулоти тезтар ва беҳтар, бартарӣ пайдо кунад.

«Netscape» забони барномасозии «JavaScript»-ро эҷод ва нашр кард, ки ба сомонаҳо қобилиятҳои ҳисоббарории пуриқтидорро таъмин кард — чизе, ки қаблан дастнорас буд. (Онҳо, инчунин, барчаспҳои машҳури «<blink>»-ро низ муаррифӣ карданд.) Дар посух, «Microsoft» ҷадвалҳои «Cascading Style Sheets (CSS)»-ро муаррифӣ намуд, ки ба стандарти тарҳрезии саҳифаҳои веб табдил ёфт.

Дар соли 1997, вақте ки «Microsoft» версияи 4.0-и «Internet Explorer»-ро нашр кард. Гурӯҳи корӣ ҳарфи азими «e»-ро сохт ва онро пинҳонӣ дар майдони алафзори қароргоҳи марказии «Netscape» гузоштанд. Дастаи «Netscape» зуд вокуниш нишон дод — онҳо ба ҳарфи азимҷуссаи «e» зарба заданд ва тилисми динозаврии «Mozilla»-и худро болои он гузоштанд.

Пас аз ин, ширкати «Microsoft» паҳн ва таъмини браузери «Internet Explorer»-ро ҳамроҳ бо низоми амалиётии «Windows»-и худ оғоз кард. Дар тӯли 4 сол он 75 дарсад бозори интернетиро ба даст овард ва то соли 1999 ин нишондиҳанда ба 99 дарсад расид. Дар натиҷаи ин иқдом, ширкат бо баҳсҳои зиддиинҳисорӣ рӯбарӯ шуд, ва ба ҳамин сабаб «Netscape» тасмим гирифт, ки пойгоҳи барномарезии худро ба манбаи рамзи кушод табдил диҳад ва ташкилоти «Mozilla»-ро — ҳамчун созмони ғайритиҷоратӣ — таъсис диҳад, ки дар оянда браузери «Firefox»-ро таҳия ва нашр кард. Соли 2002, браузери «Firefox» ба браузери маъруф табдил ёфт ва таваҷҷуҳи корбаронро ба худ ҷалб намуд. Он барои корбарон ва Интернети кушода тарҳрезӣ шудааст. То соли 2010, ташкилоти «Mozilla» ба воситаи браузери «Firefox» ва лоиҳаҳои дигар ҳиссаи бозории «Internet Explorer»-ро то 50% коҳиш дод.

Рақибони дигар дар охири солҳои 1990 ва аввали солҳои 2000 пайдо шуданд, аз ҷумла браузерҳои «Opera», «Safari» ва «Google» («Chrome»). Ширкати «Microsoft» браузери «Internet Explorer»-ро бо браузери нави худ — «Edge» — дар нашри низоми амалиётии «Windows 10» дар соли 2015 иваз кард.

Аз Интернет имрӯз истифода баред

Имрӯз танҳо якчанд роҳ барои пайдо кардани дастрасӣ ба Интернет вуҷуд дорад. Браузерҳои «Firefox», «Google» («Chrome»), «Microsoft» («Edge»), «Safari» ва «Opera» ҳамчун рақибони асосӣ ба шумор мераванд. Дар тӯли даҳсолаи охир, таҷҳизоти мобилӣ ба роҳи афзалиятноки дастрасӣ ба Интернет табдил ёфтанд. Имрӯз, аксари корбарони Интернет барои пайваст шудан ба шабака танҳо аз браузерҳои мобилӣ ва барномаҳо истифода мебаранд. Версияҳои мобилии браузерҳои асосӣ барои дастгоҳҳои «iOS» ва «Android» дастрасанд. Гарчанде ки ин барномаҳо барои мақсадҳои мушаххас муфиданд, онҳо танҳо дастрасии маҳдудро ба веб фароҳам меоранд.

Дар оянда, Интернет эҳтимолан аз решаҳои абарматни худ дуртар рафта, ба ҷаҳони бузурги таҷрибаҳои интерактивӣ табдил меёбад. Воқеияти маҷозӣ дар тӯли даҳсолаҳо дар уфуқ қарор дошт (ҳадди аққал пас аз нашри филми «Lawnmower Man (Газонокосильщик)» дар соли 1992 ва консоли виртуалии «Nintendo» дар соли 1995), аммо Интернет метавонад ниҳоят онро ба оммаи васеъ расонад. Браузери «Firefox» акнун «WebVR» ва «A-Frame»-ро дастгирӣ мекунад, ки ба таҳиягарон ва барномасозон имкон медиҳад, ки сомонаҳои воқеияти маҷозиро зуд ва осон эҷод кунанд. Аксари дастгоҳҳои муосири мобилӣ «WebVR»-ро дастгирӣ мекунанд ва онҳоро ба осонӣ бо гӯшмонакҳо ва қуттиҳои оддии картон истифода бурдан мумкин аст. Шабакаи воқеияти маҷозии 3D, ки муаллифи фантастикии илмӣ Нил Стивенсон тасаввур кардааст, метавонад дар ояндаи наздики мо бошад. Агар ин тавр бошад, браузери веб метавонад комилан нопадид шавад ва равзанаи воқеӣ ба ҷаҳони дигар гардад.

Новобаста аз он, ки ояндаи Интернет чӣ гуна мешавад, ташкилоти ғайритиҷоратии «Mozilla» ва браузери «Firefox» барои корбарони умумиҷаҳонӣ ҳамеша дастрасанд ва кафолат медиҳанд, ки корбарон ба абзорҳои пурқувват барои таҷрибаи беҳтарин дар Интернет ва ҳама чизҳое, ки мо пешниҳод мекунем, дастрасӣ пайдо мекунанд. Интернет барои ҳамаи мо сохта шудааст, ва ҳар як кас бояд таҷрибаи онлайнии худро назорат кунад. Аз ин рӯ, мо абзорҳои «Firefox»-ро барои ҳифзи махфияти корбар таъмин мекунем ва ҳеҷ гоҳ маълумоти корбарро ба таблиғгарон намефурӯшем.

Манбаъҳо

Браузери худро дар зери назорати ҷиддӣ истифода баред.

«Firefox»-ро боргирӣ кунед

«Firefox» дар низоми амалкунандаи «Windows 8.1» ва версияҳои пасттар дигар дастгирӣ намешавад.

Барои истифода кардани «Firefox», лутфан, «Firefox ESR» (Нашр бо дастгирии тӯлонӣ - ESR)-ро боргирӣ намоед.

«Firefox» дар низоми амалкунандаи «macOS 10.14» ва версияҳои пасттар дигар дастгирӣ намешавад.

Барои истифода кардани «Firefox», лутфан, «Firefox ESR» (Нашр бо дастгирии тӯлонӣ - ESR)-ро боргирӣ намоед.

Огоҳнома дар бораи махфияти «Firefox»