Агарчанде, ки дар «Chromebook» браузери «Chrome» аллакай насб шудааст, боргирӣ ва истифодаи браузери «Firefox» ҳамчун браузери асосӣ ба шумо чанд бартарӣ медиҳад:
Ба шумо самимона хабар медиҳем, ки ин кор хеле осон аст, аммо «Chromebook» мехоҳад, ки фаъолияти шуморо дар экосистемаи «Google Play» нигоҳ дорад. Дар ҳақиқат, мо фикр мекунем, ки насб кардани браузери «Firefox» дар «Chromebook» сазовор мебошад – ва агар лозим бошад, мо захираҳои зиёде дорем, ки метавонанд ба шумо кумак расонанд. Барои насб кардани браузери «Firefox» дар дастгоҳи худ, шумо метавонед аз ду имконият истифода баред.
Браузери «Firefox»-ро аз «Google Play Store» насб кунед: дар версияҳои нави «Chrome OS» («Chromebook» дар асоси x86, ки аз «Chrome OS 80» ё навтар истифода мебарад), шумо имконият доред, ки браузери «Firefox»-ро барои низоми «Android» насб кунед. Ин барнома махсус барои дастгоҳҳои мобилӣ таҳия шудааст.
Браузери «Firefox»-ро ҳамчун барномаи «Linux» насб кунед: агар шумо бо ҳамин роҳ равед, якчанд қадами дигар лозим мешавад, аммо ин меарзад. Вақте ки шумо браузери «Firefox»-ро ҳамчун барномаи «Linux» насб мекунед, шумо браузери мизи кории «Firefox» ва ҳамаи бартариҳои онро ба даст меоред, аз он ҷумла, хусусияти «Муҳофизати такмилёфта аз пайгирӣ», мудири ниҳонвожаҳои дарунсохт, дастрасӣ ба ҳазорҳо замима ва ҷузъи иловагӣ (бо дарназардошти барномаи «UBlock Origin» - манъкунандаи реклама) ва мавзуъҳо барои танзимоти шахсии намуди зоҳирии браузери худ. Дар бораи насб кардани браузери мизи кории «Firefox» барои »Chromebook» маълумоти бештар гиред.