Муқоисаи браузери «Firefox» бо «Brave»
Танзимоти махфияти «Firefox» қавӣ ва осон барои истифода мебошанд. Раванди манъкунии реклама ба таври пешфарз аз тарафи браузери «Brave» метавонад сомонаҳое, ки шумо мекушоед, вайрон кунад, бинобар ин шумо маҷбур мешавед, ки бо ҳамин масъалаҳо машғул шавед. Мо мехоҳем, ки махфият он қадар қулай бошад, ки шумо воқеан мехоҳед онро истифода баред.
«Firefox» ба шумо имконият медиҳад, ки тавонед ҳар дафъа ҳангоми ҷустуҷӯ низоми ҷустуҷӯиеро ба ихтиёри худ осон интихоб намоед. «Brave» ба таври пешфарз низоми ҷустуҷӯии худро истифода мебарад ва шумо маҷбур мешавед, ки барои интихоб кардани низоми дигар ба танзимоти браузер дохил шавед.
«Firefox» ба шумо имконият медиҳад, ки ниҳонвожаҳои нигоҳдошташудаи худро рамзгузорӣ кунед ва шумо метавонед бо истифода аз ниҳонвожаи асосӣ ба онҳо дастрасӣ пайдо намоед; ниҳонвожаҳои шумо ҳатто дар ҳолате, ки компютери худро бо дигарон мубодила мекунед ё муштарак истифода мебаред, муҳофизат мешаванд. Браузери «Brave» ниҳонвожаҳои шуморо бо ниҳонвожаи муҳофизатӣ ҳифз намекунад.
Мо, инчунин, барои истифода хусусиятҳои осонфаҳмро ба монанди зерин пешниҳод менамоем:
- Файлҳои «PDF»-ро таҳрир кунед - рост дар равзанаи браузери «Firefox» бе ниёзи ягон нармафзор ё барномаи иловагӣ.
- Саҳифаи сомонаро ба таври маҳаллӣ ва махфӣ тарҷума намоед.
Гузариш осон аст
Гузариш ба браузери «Firefox» осон ва зуд аст - хатбаракҳои худ, ниҳонвожаҳои худ, таърихи худ ва хусусиятҳои худ аз браузери «Brave» бо пахш кардани як тугма ворид кунед ва барои оғози истифодаи браузери «Firefox» дарҳол омода бошед. Маълумоти бештар оид ба тарзи ворид кардани маълумоти худ аз браузери «Brave».