Муқоисаи браузери «Firefox» бо «Google Chrome»

Танзимоти пешфарзи махфияти «Firefox» нисбат ба танзимоти «Chrome» хеле қавитар мебошанд — ва мо, инчунин, хусусиятҳои иловагӣ дорем, ки аз пайгирии шумо тавассути сомонаҳо пешгирӣ мекунанд, аз қабили манъкунии нақши рақамии ангуштон ва интихоби шумо нисбат ба васеъшавиҳо барои манъкунии реклама.

Мо ҳар гуна васоити пайригиро ба таври пешфарз манъ мекунем. Браузери «Chrome» онҳоро манъ намекунад.

Дар ҳақиқат, браузери «Chrome» ба таври пешфарз сомонаҳое, ки шумо боздид мекунед ва амалиётҳои шуморо назорат мекунад, то «мавзуъҳои реклама»-ро муайян карда, барои шумо рекламаи мақсаднокро ирсол намояд. Шумо метавонед, ки танҳо то се мавзуъро манъ кунед, вале шумо наметавонед пешгирӣ кунед, ки барои шумо мавзуъҳои дигари реклама муайян карда шаванд. манбаъ

Браузери «Chrome» ба сомонаҳои дигар иҷозат медиҳад, ки дар бораи шумо маълумотро ҷамъ кунанд ва тавонанд махсус барои шумо рекламаро пешниҳод намоянд. Шумо метавонед сомонаҳои мушаххасро аз пешниҳодҳои рекламавӣ манъ кунед, вале шумо наметавонед, ки ҷамъоварии маълумот ё пешниҳодҳоро аз сомонаҳои дигар боздоред. манбаъ

Ширкати «Google» бузургтарин шабакаи таблиғотии ҷаҳонро идора мекунад ва браузери «Chrome» як қисми он мебошад.

Азбаски мо набояд саҳмдоронро хушбахт кунем, мо метавонем диққатамонро ба хушбахтии шумо равона намоем ва ҳамеша махфият ва роҳати шуморо дар ҷойи аввал гузорем.

Гузариш осон аст

Гузариш ба браузери «Firefox» осон ва зуд аст - хатбаракҳои худ, ниҳонвожаҳои худ, таърихи худ ва хусусиятҳои худ аз браузери «Chrome» бо пахш кардани як тугма ворид кунед ва барои оғози истифодаи браузери «Firefox» дарҳол омода бошед. Маълумоти бештар оид ба тарзи ворид кардани маълумоти худ аз браузери «Chrome» ба браузери «Firefox».