Муқоисаи браузери «Firefox» бо «Microsoft Edge»

Браузери «Firefox» ҳифзи махфияти шуморо осон ва қулай мегардонад, то ки шумо дар бораи ин масъалаҳо ташвиш накашед.

Мо ҳар гуна васоити пайригиро ба таври пешфарз манъ мекунем. Браузери «Edge» онҳоро манъ намекунад.

Мо, инчунин, барои истифода хусусиятҳои осонфаҳмро ба монанди зерин пешниҳод менамоем:

Мо интихоби низоми ҷустуҷӯиро барои шумо осон мегардонем, то ки шумо ҳар вақте ки ҷустуҷӯ мекунед, тавонед онҳоро худатон интихоб намоед. Браузери «Edge» шуморо водор месозад, ки барои истифода бурдани низоми ҷустуҷӯии ғайр аз «Bing» дар танзимот кофтукоб кунед.

Ширкати бузурги «Microsoft» мехоҳад, ки саҳмдорони худро хушбахт кунад, аммо мо метавонем диққатамонро ба хушбахтии шумо равона намоем ва ҳамеша махфият ва роҳати шуморо дар ҷойи аввал гузорем.

Гузариш осон аст

Гузариш ба браузери «Firefox» осон ва зуд аст - хатбаракҳои худ, ниҳонвожаҳои худ, таърихи худ ва хусусиятҳои худ аз браузери «Edge» бо пахш кардани як тугма ворид кунед ва барои оғози истифодаи браузери «Firefox» дарҳол омода бошед. Маълумоти бештар оид ба тарзи истифодаи тугмаи «Ворид кардан» барои иваз кардани танзимот ба браузери мо.