Муқоисаи браузери «Firefox» бо «Opera»
Танзимоти пешфарзи махфияти браузери «Firefox» нисбат ба браузери «Opera» қавитар мебошанд — ва мо хусусиятҳои иловагӣ дорем, ки аз пайгирии шумо тавассути сомонаҳо пешгирӣ мекунанд, аз ҷумла манъкунии нақши рақамии ангуштон.
Браузери «Firefox», инчунин, дорои абзорҳои дарунсохт ба монанди зерин мебошад:
- Файлҳои «PDF»-ро таҳрир кунед - рост дар равзанаи браузери «Firefox» бе ниёзи ягон нармафзор ё барномаи иловагӣ.
- Саҳифаи сомонаро ба таври маҳаллӣ ва махфӣ тарҷума намоед.
Браузери «Firefox» доираи васеи имконоти мутобиқсозӣ, аз он ҷумла қобилияти интиқоли менюҳо ва наворҳои абзорҳоро ба ҷойҳои гуногуни равзанаи браузер пешниҳод мекунад. Интерфейси браузери «Opera» нисбатан камтар танзимшаванда мебошад.
Азбаски мо набояд саҳмдоронро хушбахт кунем, мо метавонем диққатамонро ба хушбахтии шумо равона намоем ва ҳамеша махфият ва роҳати шуморо дар ҷойи аввал гузорем.
Гузариш осон аст
Гузариш ба браузери «Firefox» осон ва зуд аст - хатбаракҳои худ, ниҳонвожаҳои худ, таърихи худ ва хусусиятҳои худ аз браузери «Opera» бо пахш кардани як тугма ворид кунед ва барои оғози истифодаи браузери «Firefox» дарҳол омода бошед. Маълумоти бештар оид ба тарзи истифодаи тугмаи «Ворид кардан» барои иваз кардани танзимот ба браузери мо.