Муқоисаи браузери «Firefox» бо «Apple Safari»

Ҳам браузери «Safari» ва ҳам браузери «Firefox» хусусиятҳои хуби махфият ва амният доранд.

Аммо браузери «Firefox», инчунин, дорои абзорҳои дарунсохт ба монанди зерин мебошад:

Браузери «Firefox» доираи васеи имконоти мутобиқсозӣ, аз он ҷумла қобилияти интиқоли менюҳо ва наворҳои абзорҳоро ба ҷойҳои гуногуни равзанаи браузер пешниҳод мекунад. Интерфейси браузери «Safari» нисбатан камтар танзимшаванда мебошад.

Азбаски мо набояд саҳмдоронро хушбахт кунем, мо метавонем диққатамонро ба хушбахтии шумо равона намоем ва ҳамеша махфият ва роҳати шуморо дар ҷойи аввал гузорем.

Гузариш осон аст

Гузариш ба браузери «Firefox» осон ва зуд аст - хатбаракҳои худ, ниҳонвожаҳои худ, таърихи худ ва хусусиятҳои худ аз браузери «Safari» бо пахш кардани як тугма ворид кунед ва барои оғози истифодаи браузери «Firefox» дарҳол омода бошед. Маълумоти бештар оид ба тарзи ворид кардани маълумоти худ аз браузери «Safari».