
Ба воситаи браузери мобилии «Firefox» бо роҳи мустақил равед
Версияи мобилии «Firefox» ба ниёзҳои шумо мутобиқ мешавад ва дидани ҳамаи варақаҳои кушодашудаи шумо, ҷустуҷӯҳои охирин ва сомонаҳои дӯстдоштаи шумо осонтар мекунад.

Браузери «Firefox» барои низоми «Android»
Бениҳоят қобили танзим, хусусӣ ва бехатар аст — браузери «Firefox» барои «Android» як абзори пуриқтидор ва зудкор мебошад, ки маълумоти шахсии шуморо ҳеҷ гоҳ намефурӯшад.

Браузери «Firefox» барои низоми «iOS»
Хусусияти «Муҳофизати такмилёфта аз пайгирӣ»-ро ба даст оред ва браузери «Firefox»-ро ҳамчун барномаи пешфарз ва браузери асосии худ истифода баред - ҳамеша дар «iPhone» ва «iPad».

Firefox Focus
Дар ҷустуҷӯи браузери фаврӣ ва муташаккил бо хусусиятҳои махфияти сатҳи баланд ҳастед? Браузери «Firefox Focus» таърихи тамошои шуморо аз лаҳзаи кушодан то пӯшидани он ба таври худкор нест мекунад.

browsers-mobile-see-how-firefox-for-desktop-compare-v2
Аз назар гузаронед, ки чӣ тавр браузери «Firefox» барои компютери мизи корӣ аз браузерҳои дигар фарқ мекунад.
Як воридшавӣ.
Тамоми «Mozilla» дар дасти шумо.
-
Firefox
-
Mozilla VPN
-
Pocket
-
Relay
-
Monitor
Аллакай ҳисобе доред? Ворид шавед ё маълумоти бештар дар бораи ҳамроҳ шудан ба «Mozilla» гиред.