Танҳо тамошои мобилии хусусӣ дар Интернет
«Firefox Focus» — браузере мебошад, ки ба хотири махфияти шумо сохта шудааст ва шуморо аз васоити пайгирӣ ба таври худкор муҳофизат мекунад. Ба воситаи Focus саҳифаҳои шумо тезтар кушода мешаванд ва маълумоти шахсии шумо ба таври махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Браузери «Firefox Focus» барои ҳар ду дастгоҳ — «iOS» ва «Android» дастрас аст.
«Firefox Focus»-ро ба даст оред
Барои оғози кор бо барнома рамзи «QR»-ро тасвирбардорӣ намоед.

Нест кардани таърихи худ
Таърих, ниҳонвожаҳо ва кукиҳо дар браузери худ ба осонӣ тоза кунед, то ки рекламаи номатлуб шуморо дар саросари Интернет пайгирӣ накунад. Танҳо тугмаи «Пок кардан»-ро дар сатри ҷустуҷӯ зер кунед ва тамоми маълумот нест карда мешавад.
Реҷаи «Тамошобинии хусусӣ»-ро ба сатҳи дигар баланд бардоред
«Тамошобинии хусусӣ» дар аксари браузерҳо аслан он қадар хусусӣ нест. «Firefox Focus» ба таври пешфарз махфияти сатҳи навбатиро пешниҳод мекунад ва аз ҷониби «Mozilla», ташкилоти ғайритиҷоратие, ки барои ҳуқуқҳои шумо дар Интернет мубориза мебарад, дастгирӣ карда мешавад.
Муҳофизат аз пайгирӣ
«Firefox Focus» ба таври пешфарз доираи васеи васоити пайгирии маълумро, аз он ҷумла васоити пайгирии шабакаҳои иҷтимоӣ ва онҳое, ки ҳамчун маводи часпак, монанди рекламаи «Facebook» пайдо мешавад, манъ мекунад.
Ҳамаашро тезтар тамошо кунед
«Focus» васоити пайгириро нест мекунад, то саҳифаҳое, ки шумо тамошо мекунед маълумоти камро талаб мекунанд ва тезтар бор карда мешаванд. Инчунин, шумо метавонед то чор миёнбурро ба экрани асосии худ васл кунед ва ба сомонаи дӯстдоштаи худ бе ниёзи ворид кардани нишонӣ зудтар ворид шавед.
Аз ҷониби «Mozilla» сохта шудааст
Мо боварӣ дорем, ки ҳар як шахс бояд ҳаёти худро дар саросари Интернет назорат кунанд. Мо дар ин масъала аз соли 1998 инҷониб мубориза мебарем.
