Браузери «Firefox» тезкор, сабук ва дорои махфият мебошад ва дар ҳамаи дастгоҳҳои шумо кор мекунад.
Ҳангоми санҷиши суръати браузер нуқтаҳои сарҳисобҳои навтарин нишон медиҳанд, ки браузери «Firefox» боз ҳам тезтар шудааст.
Мо ба ҳифзи ҳуқуқи шумо ба махфияти шахсӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳем. Маълумоти шахсӣ, фаъолияти шумо дар Интернет ва ҳаёти онлайни шумо бо «Firefox» муҳофизат карда мешавад.
Барои эҷод кардани ниҳонвожаҳои нав, пур кардани шаклҳои онлайн ва воридшавии худкор ба сомонаҳо кумак гиред.
Маълумоти бештар
Ба варақаҳо, ниҳонвожаҳо, варақаҳои кушодашуда ва дигар маълумоти худ дар «Firefox» аз ҳар гуна дастгоҳ дастрасӣ пайдо намоед.
Маълумоти бештар
Хатбаракҳои худро бо ҷузвдонҳо ва барчаспҳо ба тартиб дароред.
Маълумоти бештар
Ҳангоми пӯшидани браузер, кукиҳоро ба таври худкор нест кунед ва таърихи тамошоро тоза намоед
Маълумоти бештар
Интихоб кунед, ки намуди зоҳирии браузери шумо бо ҳазорҳо мавзуъҳои ройгон чӣ гуна ба назар мерасад.
Маълумоти бештар
Воситаҳо, қобилиятҳо ва маводи шавқовари навро ба браузери худ илова кунед.
Маълумоти бештар
Саҳифаҳои дӯстдоштаи худро кушода нигоҳ доред ва бо пахш кардани танҳо як тугма ба онҳо дастрасӣ пайдо намоед. Барои назорат кардани барномаҳои почтаи электронӣ ё паёмнависии худ аз «Варақаҳои васлшуда» истифода баред.
Маълумоти бештар
Ранги дақиқро аз рӯйи саҳифа муайян кунед ва рамзи (hex code) шонздаҳгонаи онро нусхабардорӣ кунед.
Маълумоти бештар
Файлҳои «PDF»-ро мустақиман дар браузери «Firefox» кушода бинед ва таҳрир намоед.
Маълумоти бештар
Ба воситаи абзорҳои манъкунандаи нақши рақамии ангуштони «Firefox», рекламаи безоркунандеро, ки шуморо аз ҳар тараф пайгирӣ мекунад, нест кунед.
Маълумоти бештар
Браузери «Firefox» зиёда аз 2000+ васоити пайгирии рекламавиро ба таври худкор маҳдуд мекунад, то онҳо фаъолияти шуморо дар Интернет пайгирӣ карда натавонанд.
Маълумоти бештар
Сомонаҳоро ба забони модарии худ бевосита дар браузери «Firefox» тарҷума кунед – ва маълумоти шахсии худро бо ҳеҷ касе дигар мубодила накунед.
Маълумоти бештар
Корҳое доред, ки шумо бояд якбора иҷро ва тамошо кунед? Ҳар ду вазифаро ба воситаи реҷаи «Расм-дар-расм» дар браузери «Firefox» ба анҷом расонед.
Маълумоти бештар