Мудири хатбаракҳо
Хатбаракҳо - ин пайвандҳое мебошанд, ки шумо дар браузери худ нигоҳ медоред, то дар оянда тавонед ба ҷойҳои дӯстдоштаи худ дар Интернет зуд ва ба осонӣ баргардед. Браузери «Firefox» дорои мудири хатбаракҳои қулай мебошад ва ба воситаи он шумо метавонед ҳамаи пайвандҳои нигоҳдоштаи худро дар байни ҳамаи дастгоҳҳои худ ҳамоҳанг созед, онҳоро ба тартиб дароред, ҷустуҷӯ кунед ё аз нав нигоҳ доред.
Хатбаракҳои худро ба ҷузвдонҳо бо имкони ҷустуҷӯ ба тартиб дароред
Хатбаракҳои худро дар ҷузвдонҳо ҷамъ кунед ва онҳоро бо тафсилоти бештар ва барчаспҳо нигоҳ доред. Шумо, инчунин, метавонед хатбаракҳои худро мураттаб кунед, ва ба онҳое, ки ба шумо лозиманд, зуд дастрасӣ пайдо намоед.

Хатбаракҳоро ба осонӣ ворид кунед
Шумо метавонед хатбаракҳои худро аз браузерҳои «Chrome», «Safari» ё «Edge» ба воситаи устоди воридоти «Firefox» ворид кунед. Танҳо ба «Хатбаракҳо» > «Идоракунии хатбаракҳо» зер кунед ва пас аз ин имкони «Воридот ва нусхаи эҳтиётӣ»-ро интихоб намоед.

Навори хатбаракҳо
Дар менюи болои браузери «Firefox» ба хатбаракҳои дӯстдоштаи худ зуд дастрасӣ пайдо намоед ё онҳоро ба навори абзорҳои худ васл кунед.
