Рангҳоро бо абзори «Чинандаи ранг» тавассути браузери «Firefox» интихоб намоед

Сабабҳои зиёде вуҷуд доранд, ки шумо бояд ва метавонед рамзи дақиқи ранги шонздаҳгонаи ранги мушаххасро аз рӯйи саҳифаи сомона ба даст оред ё муайян намоед — мумкин аст, ки шумо саҳифаҳои сомонаро месозед ё дизайнери графикӣ ҳастед. Абзори «Чинандаи ранг», дар версияи мизи кории браузери «Firefox», ба шумо имкон медиҳад, ки тавонед рамзҳои дақиқи ранги шонздаҳгонаро аз рӯйи ҳар гуна ранге, ки шумо дар саҳифаи интернетӣ мебинед, интихоб карда, ба даст оред ё муайян намоед. Вақте ки шумо ба он ранг зер мекунед, рамзи дақиқи он ба ҳофизаи муваққатӣ нусха бардошта мешавад.

Акси экрани абзори «Чинандаи ранг» дар браузери «Firefox» рамзи дақиқи ранги шонздаҳгонаро дар нуқтаи як пиксел аз рӯйи саҳифаи сомона нишон медиҳад.

Шумо метавонед абзори «Чинандаи ранг»-ро дар зери «Абзорҳои браузер» аз рӯйи менюи «Абзорҳо» ё дар зери «Абзорҳои бештар» аз рӯйи менюи навори абзорҳои браузери «Firefox» (дар охири навори абзорҳои браузери «Firefox») пайдо намоед.