«Firefox» боз ҳам тезтар аст
Суръати браузер чӣ тавр чен карда мешавад?
Нишондиҳандаи аз ҳама васеъ истифодашавандаи браузер барои чен кардани посухгирии барномаҳои веб «Speedometer» номида мешавад. Дар ҳоле, ки дигар меъёрҳои браузер вуҷуд доранд, «Speedometer 3» стандарти нав аст ва мо ҳамин тавр суръати таҷрибаи тамошобинии шуморо чен мекунем. Санҷишҳои охирин сомонаҳои имрӯзаро дар саросари Интернет беҳтар инъикос мекунанд - кор бо диаграммаҳои намоишии пурмуҳтаво, таҳрири матн, ҳамкорӣ бо саҳифаҳои интернетии мураккаб ва вазнин, ба монанди сомонаҳои ВАО - ва он манзараи пурраи кори браузерро чен мекунад.
Нишондиҳандаи нави «Speedometer 3» аввалин нишондиҳандаи асосии браузер мебошад, ки ҳамеша тавассути ҳамкорӣ бо дастгирии ҳар як браузери асосӣ таҳия шудааст ва ба манфиати сомонаҳои саросари Интернет тарҳрезӣ шудааст.
Ҳар рӯз тезтар кор мекунад
Браузери «Firefox» дар асоси низоми «Gecko», ки дорои сифати дараҷаи ҷаҳонӣ мебошад, кор мекунад ва аз услуб ва тарҳбандии саҳифаи бениҳоят зуд, хусусиятҳои муосири «JavaScript» ва набзи беохири беҳбудиҳои нав барои корбарони хушнуди мо ва платформаи веб иборат аст.
Ҳамаи браузерҳо бояд такмил дода шаванд, то ки дар санҷишҳои нави «Speedometer 3» хуб кор кунанд. Браузери «Firefox» махсусан дар натиҷаи бевоситаи ин кор ба пешрафтҳои бузург ноил гардид, ки барои корбарони мо ба таври назаррас тезтар шуд. Браузери «Firefox» аз ҳарвақта тезтар аст, бо суръате, ки шумо воқеан эҳсос карда метавонед, аз он ҷумла боркунии тезтари саҳифаҳо ва ҳамкории ҳамвортар.
Дар роҳ ба Интернети тезтарин
Ҷамъияти «Mozilla» вобастагии худро ба ин ҳадаф изҳор мекунад, ки ҳам браузери худ ва ҳам тамоми Интернетро пайваста такмил диҳад. Маҳз бо ҳамин сабаб мо ба ҳамкорӣ барои таҳияи «Speedometer 3» саҳм гузоштем — ки дар натиҷа кори самараноки ҳама гуна браузерҳоро беҳтар кард. Пас, новобаста аз он, ки кадом браузерро интихоб мекунед, «Mozilla» мехоҳад, ки он ҳар чӣ тезтар кор кунад.