Мудири ройгон барои идораи ниҳонвожаҳо

Браузери «Firefox» номҳои корбарон ва ниҳонвожаҳои шуморо барои пайдо кардани дастрасӣ ба сомонаҳо ба таври бехатар нигоҳ медорад, ҳангоми аз нав кушодани сомона, онҳоро барои шумо ба таври худкор пур мекунад ва ба шумо имкон медиҳад, ки воридшавиҳои нигоҳдошташудаи худро бо хусусияти дарунсохти идоракунии ниҳонвожаҳо идора кунед.

Бо истифодаи ройгон аз «Ҳисоби «Mozilla»» шумо метавонед ниҳонвожаҳои худро дар байни ҳамаи дастгоҳҳои худ ҳамоҳанг созед. Шумо, инчунин, метавонед ба ҳамаи маҳсулоти дигари марбут ба махфияти иззатманди «Mozilla» дастрасӣ пайдо намоед.

Барои воридшавиҳои осон ниҳонвожаҳо ба таври худкор пур мешаванд

Браузери «Firefox» метавонад номи корбар ва ниҳонвожаи нигоҳдоштаи шуморо ба таври худкор пур кунад. Агар шумо барои сомона зиёда аз як воридшавӣ дошта бошед, шумо метавонед танҳо ҳисоби лозимаро интихоб кунед ва мо онро аз он ҷой мегирем.

Тасвири шакли воридшавии сомона аз браузери «Firefox», ки якчанд ҳисоби нигоҳдошташудаеро нишон медиҳад, ки корбар метавонад ҳангоми воридшавӣ интихоб намояд.

Ворид кардани ниҳонвожаҳо

Шумо метавонед барои ба таври осон (афсонавӣ) ворид кардани номҳои корбарон ва ниҳонвожаҳое, ки дар «Chrome», «Edge», «Safari» ё ҳар гуна браузери дигар нигоҳ дошта шудаанд, аз устоди воридот истифода баред. Аз менюи асоси бахши «Ниҳонвожаҳо»-ро интихоб кунед ва сипас дар поёни саҳифаи «Воридшавиҳо ва ниҳонвожаҳо» имкони воридкунии онҳо ба браузери «Firefox» зер кунед.

Тасвири равзанаи гуфтугӯии устоди воридоти «Firefox», ки имконотро барои ворид кардани танзимот ва маълумот аз браузерҳои дигар нишон медиҳад.

Ниҳонвожаҳои худро такроран истифода набаред

Ба браузери «Firefox» иҷозат диҳед, ки барои ҳар як ҳисоби шумо дар Интернет ниҳонвожаи мустаҳкаму беназиреро эҷод намояд — бо ин роҳ, агар яке аз ниҳонвожаҳои шумо ба сабаби вайроншавӣ дар низоми амниятӣ ошкор шавад, танҳо ҳамон як ҳисоб зери хатар мемонад, на ягон ҳисоби дигари шумо.

Тасвири шакли сабти ном дар сомонаи намунавӣ, ки дар он «Firefox» ниҳонвожаи қавӣ ва нотакрореро пешниҳод мекунад ва онро барои истифодаи минбаъда ба таври худкор нигоҳ медорад.

Огоҳиҳои амниятӣ дар бораи ниҳонвожаҳо

Браузери «Firefox» шуморо огоҳ мекунад, агар ниҳонвожаи шумо ба сабаби рахнаи амниятӣ ошкор шуда бошад, то шумо тавонед онро пеш аз он ки ҳакерҳо, масалан, барои иҷораи мошини «Ламборҷини» бо корти кредитии шумо истифода баранд, иваз намоед.

Тасвири мудири ниҳонвожаҳои «Firefox» паёми огоҳиро нишон медиҳад: «Ин ниҳонвожа қаблан дар ҳисоби дигар истифода шудааст, ки эҳтимолан дар ҳолати ошкор ё дуздидани маълумоти шумо қарор дошт. Истифодаи як ниҳонвожа барои чанд ҳисоб метавонад ҳамаи онҳоро зери хатар гузорад. Ниҳонвожаро иваз намоед.