Файлҳои «PDF»-ро ба воситаи Муҳаррири «Firefox PDF Editor» ройгон таҳрир намоед
Агар лозим шавад, ки ба ҳуҷҷати «PDF» чизе илова намоед, ҳоло метавонед ин корро онлайн тавассути «Firefox» анҷом диҳед. Файли «PDF»-ро дар «Firefox» кушоед ва барои ворид кардани тағйирот ба ҳуҷҷат тугмаи «Матн» ё «Расмкашӣ»-ро дар гӯшаи рости боло пахш кунед. Барои нигоҳ доштани тағйирот, файлро боргирӣ намоед.
Шаклҳоро бе ниёзи чоп ва тасвирбардорӣ ба таври онлайн пур намоед
Ҳамаи мо чунин ҳолатро дидаем: лозим мешавад, ки шаклеро пур кунед, вале он файли таҳрирнашавандаи «PDF» аст. Пештар маҷбур будем, ки аввал онро чоп кунем, бо даст пур намоем ва сипас боз сканер карда, ба компютер баргардонем.
Акнун мо иҷрои ҳамаи ҳамин амалҳои душворро бас кардем! Ҳоло танҳо лозим аст, ки шумо файли «PDF»-ро ба таври онлайн тавассути браузери «Firefox» таҳрир кунед, нигоҳ доред ва аз компютери худ онро ба почтаи электронӣ ирсол намоед.
Илова кардани матн
Файли «PDF»-ро дар браузери «Firefox» кушоед. Тугмаи «Матн»-ро пахш намоед, то тавонед ранги дилхоҳ ва андозаи ҳарфҳоро интихоб кунед ва сипас он ҷойе, ки мехоҳед дар ҳуҷҷати худ матнро илова кунед, интихоб намоед. Ҳамин қадар осон аст!

Илова кардани расмҳо (ё имзои шумо)
Файли «PDF»-ро дар браузери «Firefox» кушоед. Нишонаи «Расмкашӣ»-ро пахш кунед, то ранги дилхоҳ, ғафсӣ ва шаффофияти хати қаламро интихоб намоед, сипас дар ҳуҷҷат расм кашед. Умедворем, ки он то ҳадди имконпазир ба имзои муқаррарии шумо монанд мешавад!

Илова кардани тасвир бо матни иловагӣ
Файли «PDF»-ро дар браузери «Firefox» кушоед. Нишонаи «Тасвир»-ро пахш кунед — пас аз он метавонед тасвиреро бор кунед. Андоза ва ҷойгиршавии тасвири боршударо мувофиқи талабот танзим намоед. Барои осонтар дастрас шудани ҳуҷҷат, тугмаи «+Матни иловагӣ (Alt text)»-ро пахш кунед ва барои тасвир шарҳи худро илова намоед.

Эҷод кардани нуқтаи муҳим
Файли «PDF»-ро дар браузери «Firefox» кушоед. Матнеро, ки мехоҳед равшан кунед, интихоб намоед, пас аз ин нишонаи ҷудокуниро, ки дар зери интихоби шумо пайдо мешавад, пахш кунед ё бо тугмаи рости муш пахш намуда, имкони ҷудокуниро дар менюи муҳтаво ҷустуҷӯ намоед. Барои равшан кардани қисматҳои дигар бо даст, нишонаеро дар гӯшаи боло аз тарафи рост пахш кунед.
