Бо видеоҳо дар равзанаҳои алоҳида самараноктар кор кунед

Корҳое доред, ки шумо бояд якбора иҷро ва тамошо кунед? Ҳар ду вазифаро ба воситаи реҷаи «Расм-дар-расм» дар браузери «Firefox» ба анҷом расонед. Ин хусусият ба шумо имкон медиҳад, то тавонед видеоро аз сомонаи он берун кашед ва онро дар экрани худ ба ҷойи дилхоҳ часпонед, то шумо тавонед ҳангоми кор бо саҳифаҳо, варақаҳо ва барномаҳои дигар видеоро алоҳида тамошо кунед.

Бинед, ки он чӣ тавр кор мекунад:

  1. Ҳар гуна видеоро, ба ин монанд, дар браузери «Firefox»-и худ пахш намоед.
  2. Тугмаи «Расм-дар-расм»-ро, ки дар болои видео пайдо мешавад, зер кунед, ва видео дар равзанаи алоҳида пахш карда мешавад.
  3. Ба варақаҳои дигар гашт кунед ё ҳатто аз браузери «Firefox» берун кор кунед. Видео дар ҷойи худаш меистад!
  4. Қадамҳои 1-3 такрор кунед, то тавонед видеоҳои писандидаро дар реҷаи «Расм-дар-расм» дар шумораи дилхоҳ кушоед.

3 роҳи дигар барои истифода бурдани «Расм-дар-расм»

Дарсҳои онлайн ё вохӯриҳоро ҳангоми эзоҳдиҳӣ тамошо кунед

Видеои ёдгириро ҳангоми пухтупаз тамошо кунед

Ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ, дили фарзандон, гурбаҳо ва сагҳои худро шод гардонед