Оё браузери «Firefox» хусусӣ аст?

Бале. «Firefox» махфияти шуморо бо чунин хусусиятҳо, ба мисли Тамошобинии хусусӣ ҳифз мекунад. Он ба шумо имкон медиҳад, ки таърихи тамошо ва ниҳонвожаҳои худро махфӣ нигоҳ доред, ҳатто ҳангоми истифодаи дастгоҳе, ки бо дигарон муштарак истифода мебаред — масалан, компютери хонагӣ ё «iPad».

Браузери «Firefox» инчунин бо истифодаи Муҳофизати такмилёфта аз пайгирӣ махфияти шуморо ҳифз мекунад — он васоити пайгириеро, ки аз як сомона ба сомонаи дигар шуморо таъқиб мекунанд ва маълумотро дар бораи одатҳои тамошобинии шумо ҷамъ мекунанд, манъ менамояд. Илова бар ин, он дорои муҳофизат аз скриптҳои зараровар ва нармафзори вредонос низ мебошад.

Тавзеҳ: Мо ширкатҳои бузурги технологии дигар нестем. Корҳоро ба тарзи дигар анҷом медиҳем. Соҳибихтиёр будани мо (бе саҳмдорон) имкон медиҳад, ки корбарони браузери моро нисбат ба фоидаи молӣ болотар қарор диҳем. Нисбат ба ширкатҳои дигар, мо дастрасиро ба маълумоти шумо намефурӯшем.

Браузери «Firefox» кадом маълумотро ҷамъ мекунад?

Браузери «Mozilla» (сазандаи браузери «Firefox») ба масъалаи ҳифзи махфият ниҳоят ҷиддӣ муносибат мекунад. Бениҳоят ҷиддӣ. Дар асл, ҳар як маҳсули «Firefox», ки мо эҷод мекунем, ба въдаи мо оид ба маълумоти шахсӣ содиқ аст: Мо маълумотро камтар ҷамъ мекунем. Бехатар нигоҳ медорем. Ҳеҷ гуна пинҳон кор намекунем.

Шумо метавонед Огоҳномаи махфияти «Firefox»-ро мутолиа кунед — Ҷиддӣ мегӯем: матн бо ҳарфҳои муқаррар навишта шудааст ва ҳамааш фаҳмо аст.