Ҳамоҳангсозии браузери «Firefox»

Бо истифода аз браузери «Firefox» шумо метавонед аз ҳамон ҷо идома диҳед, ки корро дар компютери шахсии худ қатъ карда будед — ҳангоми гузаштан ба телефон ё планшети худ. «Firefox» ба шумо имкон медиҳад, ки новобаста аз он, ки кадом дастгоҳро истифода мебаред, хатбаракҳо, таърихи тамошо, ниҳонвожаҳои нигоҳдошташуда ва чизҳои дигари худро аз назар гузаронед.

Барои ройгон гирифтани Ҳисоби «Mozilla» сабти ном шавед ва шумо дар ҳама ҷое, ки аз «Firefox» ва маҳсулотҳои дигари «Mozilla» истифода мебаред барои ҳамоҳангсозии маълумоти худ имконият пайдо мекунед.

Ҳамаи маълумоти шумо дар серверҳои мо рамзгузорӣ карда мешавад, бинобар ин ҳатто мо наметавонем онҳоро аз назар гузаронем — танҳо шумо ба онҳо дастрасӣ доред. Мо иттилооти шуморо ба таблиғгарон намефурӯшем, зеро ки ин амал бар зидди ваъдаи мо оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ меравад.

Фиристодани варақаҳо аз як дастгоҳ ба дастгоҳи дигар

Хусусияти «Фиристодани варақа» дар браузери «Firefox» ба шумо имкон медиҳад, ки тавонед саҳифаро аз браузери «Firefox»-и як дастгоҳ ба дастгоҳҳои дигари худ (масалан, дар «iPhone», «iPad» ё дастгоҳи «Android») ирсол намоед. Ҳангоми тамошои сомонаҳо дар телефони худ мақолаеро ёфтед, ки мехоҳед онро баъдтар дар назди компютери кории худ хонед? Ё ҳуҷҷати муҳимеро аз ҷойи кор пайдо кардед, ки мехоҳед онро дар хона нигоҳ доред? Ё шояд дорухатеро дар ноутбуки худ пайдо кардед, ки мехоҳед онро ба планшет дар ошхона фиристед? Пас, он варақаро фиристед!

Тасвире аз менюи барномаи «Firefox», ки имкони «Фиристодани варақа ба дастгоҳ» дар он нишон дода шудааст.