Аз фаъолияти дӯстдошта дар Интернет ҳаловат баред.
Браузери «Браузери «Firefox»» муҳофизати шуморотаъмин мекунад.
Мо васоити пайгирии рекламавиро манъ мекунем. Шумо аз Интернети тезтар истифода мебаред.
Маводҳои рекламавӣ халал мерасонанд ва кушоиши саҳифаҳои сомонаҳоро суст мекунанд, ҳангоме ки васоити пайгирии рекламавӣ ҳар як ҳаракати шуморо дар онлайн назорат мекунанд. Браузери «Браузери «Firefox»» аксари васоити пайгириро ба таври худкор манъ мекунад, бинобар ин ягон кофтуков дар танзимоти амнияти шумо лозим нест.

Браузери «Firefox» барои ҳамаи мо
Дар зиёда аз 90 забон дастрас буда ва ба низомҳои «Windows», «Mac» ва «Linux» мувофиқат намуда, ва новобаста аз он, ки шумо аз чӣ истифода мебаред ва дар куҷо мебошед, браузери «Firefox» барои шумо кор мекунад. Барои таҷрибаи беҳтарин, мутмаин шавед, ки низоми амалкунандаи шумо нав аст.

Браузери «Firefox»-ро ба ҳамаи дастгоҳҳои худ гузоред
Махфияти худро ба ҷойҳои дилхоҳ бо худ гиред. Браузери «Браузерҳои Firefox» барои «iOS» ва «Android» новобаста аз ҷойгиршавии шумо, танзимоти махфияти пурқуввати ягонаро дар бар мегирад ва ҳар гуна васоити пайгириро манъ мекунад, то онҳо шуморо дар саросари Интернет пайгирӣ накунанд.

Ҳамаи корҳои дилхоҳро тавассути «Firefox» иҷро намоед

Зудтар ва оқилонатар ҷустуҷӯ намоед
- Ҷустуҷӯ аз навори нишонӣ
- Имконоти низоми ҷустуҷӯӣ
- Пешниҳодҳои ҷустуҷӯии ҳушманд
- Хатбаракҳо, таърих ва варақаҳои кушода дар натиҷаҳо

Самаранокии худро баланд бардоред
- Бо маҳсулоти «Google» кор мекунад
- Абзори дарунсохт барои гирифтани аксҳои экран
- Мудири хатбаракҳо
- Пешниҳодҳои худкор барои нишониҳои URL
- Ҳамоҳангсозӣ байни дастгоҳҳо
- Реҷаи хонанда
- Санҷиши имло
- Варақаҳои васлшуда

Пахши мустақим, мубодила ва иҷро
- Пахши худкори видео ва аудиоро манъ мекунад
- Реҷаи «Расм-дар-расм»
- Муҳтаворо дар варақаи нав нигоҳ медорад
- Пайвандҳоро мубодила намоед

Махфияти худро муҳофизат намоед
- Кукиҳои тарафҳои сеюм манъ карда мешаванд
- Хонандаи нақши ангуштон манъ карда мешаванд
- Криптомайнерҳо манъ карда мешаванд
- Реҷаи «Тамошобинии хусусӣ»
- Гузоришҳои муҳофизати инфиродӣ

Маълумоти шахсии худро ҳифз намоед
- Огоҳиҳо дар бораи сомонаҳои ҳамлашуда
- Мудири ниҳонвожаҳои дарунсохт
- Пок кардани таърих
- Пуркунии худкори шакл
- Навсозиҳои худкор

Браузери худро шахсӣ созед
- Мавзуъҳо
- Реҷаи торик
- Китобхонаи васеъшавиҳо
- Дуруст кардани танзимоти навори ҷустуҷӯ
- Қолиби варақаи навро иваз намоед
Соҳиби браузери «Firefox» шавед

-
Васеъшавиҳо барои ҳар гуна кор
Сар карда аз муҳофизат то хабарҳо ва бозиҳо ҳар гуна васеъшавӣ барои ҳамаи корбарон дастрас аст. То он даме, ки шумо бо браузери худ қаноатманд мешавед, васеъшавиҳои дилхоҳро илова намоед.
-
Намуди зоҳирии браузерро иваз намоед
Вобаста аз рӯҳияи пасту баланд ё ҳаваси шахсӣ аз реҷаи торик ба реҷаи равшан гузаред ё бо мавзуи фармоишӣ (мумкин бо мавзуи якшохаи рангинкамон) ҳаёти худро ороиш намоед.
-
Беҳтар кардани танзимоти шахсӣ
Сабр кардан мумкин нест. Барои баррасӣ кардани фазои Интернет ба таври дилхоҳ, саҳифаи варақаи нав, навори ҷустуҷӯ, хатбаракҳо ё имкониятҳои дигарро иваз намоед.
Аз ҷониби ташкилоти ғайритиҷоратӣ дастгирӣ карда мешавад, ки одамонро дар ҷои аввал мегузорад

Аз соли 1998 мо ба вазъияти мавҷуда фаъолона тағйирот ворид мекунем
Браузери «Firefox» ҳамчун браузери тезтарин бо махфияти воло нисбат ба браузерҳои монанди «Internet Explorer» ва акнун «Chrome», аз ҷониби ташкилоти «Mozilla» эҷод карда шудааст. Имрӯз, ташкилоти мақсадноки мо ва ҷамъияти ихтиёриёни мо махфияти шуморо ба ҷойи аввал мегузоранд.

Махфияти шумо ҳамеша дар ҷойи аввал мебошад
Ҳангоме, ки Интернет афзоиш ва тағйир меёбад, браузери «Firefox» доим ба ҳуқуқҳои махфияти шумо диққати худро мутамарказ мекунад — ин ҳамеша кори мо буд. Маълумоти бештар дар бораи таҷрибаи кории мо бо маълумот дар Огоҳномаи махфияти мо дастрас аст.
Ҳамаи хусусиятҳои дӯстдоштаи худро дар браузер нигоҳ доред — ва хусусиятҳои навро пайдо намоед.

Бо маҳсулоти «Google» кор мекунад
Ҳамаи абзорҳои дӯстдоштаи шумо дар «Google» (ба монанди «Gmail» ва «Docs») дар браузери «Браузери «Firefox»» бисёр хуб кор мекунанд.

Дарбаргирандаи «Facebook»
Ин васеъшавии браузерро боргирӣ намоед, то ки «Facebook» (ва «Instagram») шуморо дар саросари Интернет пайгирӣ накунанд.

Дастгоҳҳои худро ҳамоҳанг созед
Браузери «Firefox» дар ҳамаи дастгоҳҳои шумо дастрас аст; варақаҳо, таърих ва хатбаракҳои худро бо худ гиред. Ба шумо танҳо як «Ҳисоби «Mozilla»» лозим аст ва шумо ба имкони ҳамоҳангсозӣ ва дигар маҳсулоти «Mozilla» дастрасӣ пайдо мекунед.

Аксҳои экран
Ба воситаи абзори «Гирифтани акси экран», ки бевосита ба даруни браузер сохта шудааст, шумо метавонед барои чизҳои дилхоҳ дар Интернет аксҳои баландсифатро бардоред.

Муҳофизати такмилёфта аз пайгирӣ (ETP)
Браузери «Firefox» ба таври худкор бисёр васоити пайгирии тарафҳои сеюмеро, ки фаъолияти шумо дар Интернет ҷамъ карда, мефурӯшанд, манъ мекунад.

Реҷаи «Расм-дар-расм»
Сар карда аз иштирок дар дарсҳои онлайн то ҳаводории дастаи варзишии дӯстдоштаи худ, видеои шумо шуморо ҳангоми иҷрои якчанд вазифа пайгирӣ мекунад.